Нигаҳдории 25 шаҳрванди Тоҷикистон дар қабулгоҳи махсуси шаҳри Сочи

Корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо мақсади шиносоӣ бо шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон аз муассисаи махсуси нигаҳодории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Сочии Русия боздид намуд. Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо муовини сардори муассисаи махусуси нигаҳдории […]

Аваз Юлдошев



Корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо мақсади шиносоӣ бо шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон аз муассисаи махсуси нигаҳодории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Сочии Русия боздид намуд.

Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо муовини сардори муассисаи махусуси нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар кишвари Краснодар А.Пляскин маълум шудааст, ки айни замон дар қабулгоҳи махсус барои риоя накардани қоидаҳои будубош, амалисозии фаъолияти меҳнатӣ ва мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зарурии шахсӣ 25 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, бо хулосагирӣ аз вохӯрӣ бо шаҳрвандони ҶТ – С.Раҳимов ва Д.Ғуломов бинобар сабаби мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои шахсӣ, барои гирифтани шаҳодатномаҳо барои бозгашт ба ватан анкета-аризаҳо тартиб дода шуд, ба хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия фиристода шуданд.

«Шаҳрванд Н.Темуров бар ин назар аст, ки қарори суди ноҳияи Ленини шаҳри Краснодар дар бораи хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русия ва ҷаримабандӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор рубл ғайриқонунӣ аст, зеро ҳамаи ҳуҷҷатҳои ӯ дурустанд. Бо мусоидати намояндагӣ рӯзҳои наздик аз болои ин қарор ба зинаи болоии судӣ шикоят бурда мешавад. Бо кумаки наздикон шиносномаи боз як шаҳрванди Тоҷикистон – Э.Назаров дарёфт ва ба раҳбарияти муассиса пешниҳод шуд, то ки ба бозгашти зудтари ӯ ба ватан мусоидат намоянд», – қайд кард номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯрӣ корманди намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тағйироту иловахо ба қонунгузории муҳоҷирати Русия, бахусус навовариҳо дар қонуни федералӣ «Дар бораи мақомои ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия» ва «Дар бораи тартиботи вуруд ба Русия ва хурӯҷ аз Русия»-ро шарҳу тавзеҳ додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.