Пӯшидани домани дароз ба донишҷӯдухтарон манъ шуд?

Date:



Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба дурустии симои зоҳирии донишҷӯён таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ин дафъа ба донишҷӯдухтарон пӯшидани доман (юбка) ва куртаҳои дароз манъ шудааст.

Рӯзи дуюм аст, ки раҳбарияти донишгоҳ ба донишҷӯдухтарон ҳозир шудан ба машғулиятҳо бо куртаҳои дароз, доман ва шимҳои васеъро манъ мекунад.

Рӯзи панҷшанбе кормандони бинои асосии ДМТ донишҷӯдухтаронро дар даромадгоҳи бино пешвоз гирифта, хабар додаанд, ки онҳо ба машғулиятҳо бояд танҳо бо доманҳои аврупоӣ ё куртаҳои дарозиашон мувофиқ ба муассисаҳои корӣ, яъне каме поинтар аз зону ва ё куртаҳои миллӣ ҳозир шаванд.

Донишҷӯдухтарони донишгоҳ бошанд, аз он дар ҳайратанд, ки то ин дам дар донишгоҳ меъёри муайяне оид ба сарулибос вуҷуд надошт.

Донишҷӯи ДМТ Шаҳноза ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамон рӯз муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва муовинони деканҳои панҷ факулта дар назди даромадгоҳ аз ӯ дархост крадаанд, ки дигар бо куртаи дароз ба дарс наояд. «Ба ман гуфтанд, ки мо дар Туркия нестем, ки куртаҳои дароз ба бар кунем», – гуфт ӯ.

Донишҷӯдухтари дигар Ҳангома мегӯяд, ӯро низ огоҳ кардаанд, ки ба донишгоҳ дигар бо домани дароз наояд. «Онҳо ҳатто нафаҳмониданд, ки бо кадом асос ман ба дарс бо домани дароз ё шими васеъ наоям. Қаблан ба сарпӯш, шими маъмулӣ ва куртаву доманҳои кӯтоҳ эрод мегирифтанд, ҳозир бошад, пӯшидани доман ва куратҳои дарозро манъ мекунанд. Пас мо чӣ ба бар кунем?», – таа

ҷ

ҷуб мекунад донишҷӯдухтар.

Дар мавриди ин мас

ъала ба мо муяссар нагардид, ки аз раҳбарияти ДМТ шарҳ бигирем, зеро қариб ҳамаи кормандон ба корҳои омодагӣ ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ банд будаанд. Дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ низ аз шарҳи чунин қарори ректори Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ худдорӣ карданд.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. Сару либоси донишчуен

    Барои чи дар давлате,ки худро барои чахониен хамчун давлати хукукбунед муаррифи намудааст ва хар замон дар химояи ислом барои чахониен лукма партофта мешавад,химоя намудани хукукхои асосии шахрванди,аз чумла хукуки пушидани либос мувофики талаботи акидаи динии хар нафар,алалхусус занон ва духтарон ин кадар душвор ва сангин гардидааст.Точикистон харчанд давлати хукукбунеди демократи эълон шуда бошад хам,аммо 99 фисади сокинони он пайрави дини мубини ислом мебошанд.Барои чи дар ватани худамон мо аз фарханги динии худамон химоя карда наметавонем,барои чи духтарону хохарони боиффати моро ба таври мачбури яхудитаборон ва насронитаборони худи аз шарму хае дур мекунанд.Магар онхо холи гарбро намебинанд,ки фиску фасод ва бешармию бехаёи чомеъахоро ба коми нести кашида истодаанд ва онхо дар чоррохаи набуди карор доранд,ё барои дарк намудани хамин масъала инсон хатман аз ислом дур бояд шавад ва баъд ба киммати ислом сарфхм равад.Бас аст даюсию беномуси.
    Сокинони гарб имруз баъди расидан ба кадру киммати арзишхои исломи ин дини покро кабул карда,занонро сатрпуш намуда истодаанд.Дар ватани мо,ки худро мусалмон меномем,холатхои акси онро мушохида менамоем.Ки аз номус ва кадру киммати занону духтарони мо химоя мекунад,кадру киммати зани мусалмон дар сатри аврати у мебошад.

Leave a Reply to Абдукарим Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...