Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар парлумони оянда, ки интихоботи навбатӣ ба он ахири моҳи феврали соли 2015 баргузор мешавад, фраксияи худро таъсис доданист.
Раиси ҲИИТ, доктори улми иқтисодӣ, роҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон Олимҷон Бобоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳизби таҳти сарварии ӯ қарордошта дар пленуми моҳи ноябр шумори номзадҳо аз ҲИИТ ба вакилӣ дар парлумонро муайян хоҳад кард.
«Айни замон ҳизби мо ба таҳияи барномаи пешазинтихоботӣ машғул аст, ки асоси онро пешниҳоду тавсияҳо оид ба эҳёи иқтисоди Тоҷикистон ва баргузории ислоҳот дар бахши иқтисоди миллӣ ташкил медиҳанд», – иброз дошт Олимҷон Бобоев.
Ёдрас мекунем, ки ҲИИТ соли 1995 таъсис дода шуда, имрӯз дар сафҳои худ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳид месозад. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ду нафар намояндагони ҳизб ба курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ соҳиб шуданд.


