Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар водии Рашт

spot_imgspot_img

Дата:



Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  рӯзҳои 25-26 сентябр дар шаҳраки Ғарм доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт (Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Тоҷикобод) Анҷумани байналмилалии иқтисодии навбатиро дар мавзӯи «Водии Рашт – имкониятҳои рушд» баргузор менамояд.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи Вазорати мазкур, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт, ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад.

Инчунин, дар доираи Анҷумани мазкур баргузории мизҳои мудаввар доир ба баррасии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ (агробизнес, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра), рушди иҷтимоии минтақа (маориф, тандурустӣ, баробарии гендерӣ ва ғайра) ва конференсияи илмӣ – амалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон, ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар водии Рашт аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таъсис ва Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ва баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби Давлаталӣ Саид – Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...