БДА: Имрӯзу пагоҳ низ баъзе роҳҳои Душанбе баста мешаванд

spot_imgspot_img

Дата:



Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, имрӯз –  13 сентябри соли равон аз соати 08:30-дақиқа то 10:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов то Рӯдакӣ-Бухоро муваққатан мaҳдуд карда мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз соати 15:30-дақиқа то 16:30-дақиқа аз кӯчаҳои Шоҳтемур, Шероз, хиёбони Исмоили Сомонӣ, Ҳофизи Шерозӣ аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то Ҳофизи Шерозӣ-Рӯдакӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт мaҳдуд карда мешавад.

Инчунин аз соати 16:30-дақиқа то 17:30-дақиқа ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Саъдии Шерозӣ, кӯчаи Неъмат Қарабоев то маҳаллаи Кирови (Оби Шифо)-и ноҳияи Рӯдакӣ мaҳдуд карда мешавад.

Аз соати 19:00 то 21:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Исмоили Сомонӣ аз Рӯдакӣ то Сино ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт пурра манъ карда мешавад.

Рӯзи 14-уми сентябр аз соати 10:30-дақиқа то 11:40-дақиқа ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то фурудгоҳ, кӯчаи Мастонгулов муваққатан мaҳдуд карда мешавад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати зарурияти ҷиддӣ надоштан, ҳаддалимкон аз истифодаи нақлиёт дар рӯзҳои номбурда худдорӣ намоянд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...