Имрӯз, 13-уми сентябр сафари дурӯзаи давлатии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон оғоз мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни сафар субҳи имрӯз Си Ҷинпин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «як ба як» мулоқот карда, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҳарду кишвар ва имзои асноди дуҷониба баргузор мешавад. Нимаи рӯз вохӯрии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир мегардад.
Баъдан сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин дар маросими анҷоми сохтмони навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва оғози сохтмони навбати дуюми ин марказ иштирок мекунанд.
Ҳамчунин Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар маросими оғози сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ – Чин» ширкат меварзанд.
Субҳи рӯзи якшанбе сафари давлатии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ба итмом расида, ӯ аз Душанбе ба ватан бармегардад.
Ёдрас мекунем, ки раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзи 11-уми сентябр ба Душанбе ташриф оварда, дар чорабиниҳои марбут ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар пойтахти Тоҷикистон иштирок кард.



