Сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон ҷонибдори рушди ҳамкориҳои судбахшанд

spot_imgspot_img

Дата:



Нимаи дуюми рӯзи 12-уми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе иштирок дошт, мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуда,  ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои ҳамкорӣ ва тавофуқоти қаблии ду ҷониб, аз ҷумла доир ба тезондани сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар сурати истифодаи самарабахш аз имкону захираҳои мавҷудаи ҳамкорӣ робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон метавонад ба маротиб афзун гардад.

Популярное

Похожие материалы