Ш.Зуҳуров: Тоҷикон бо хушнудии том аз дастовардҳои Чин истиқбол мекунанд

Date:



Дар доираи сафари давлатӣ ба Тоҷикистон раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо Раиси Маҷлиси намяондагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кард.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, Шукурҷон Зуҳуров аз номи парлумон меҳмони олиқадрро хайра мақдам гуфта, зикр кард, ки «кишварҳои моро муносибатҳои анъанавии дӯстона ба ҳам мепайванданд, ки решаҳояшон аз таърихи куҳан сарчашма мегиранд ва ҳамчун ҳамсоя ва дӯстони нек  мо бо хушнудии том аз дастовардҳои беназири Чин дар роҳи расидан ба пешравӣ ва шукуфоӣ ва ҳамчунин нуфузи баланди кишвар дар арсаи байнулмилалӣ истиқбол мекунем».

«Мо бо изҳори миннатпазирӣ иштироки Чин дар амалисозии лоиҳаҳои тақдирсози зербиноӣ дар Тоҷикистонро зикр мекунем. Ин бешубҳа кумаки гаронбаҳо дар бунёди низоми ягонаи энергетикӣ, сохтмони роҳҳои мошингарди муосир ва нақбҳо маҳсуб меёбад, яъне дар ҳалли вазифаҳои ҳаётан муҳим барои кишвари мо дар таъмини амнияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ифода меёбад», – иброз дошт зимни мулоқот раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин қайд кард, ки Тоҷикистон қабули барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2015-2020, ташаббусҳои дуҷониба баҳри сохтмони лӯлаи интиқоли газ, роҳҳои оҳан ва мошингард, иқдомоти пешбинишуда оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, маорифу сайёҳӣ, амният ва мудофиаро бо як рӯҳбаландии зиёд пазируфт.

Зикр гардид, ки ҳамкории байнидавлатӣ дастгирӣ аз ҷониби мақомоти қонунгузорро дар назар дорад ва парлумонҳои кишварҳо ҳам дар таҳкими заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ ва ҳам дар қисмати мусоидат ба иҷрои қарордоду созишномаҳои баимзорасида метавонанд бештар фаъолона ҳамкориҳоро ба роҳ монанд.

Ба гуфтаи Султонов, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид доштааст, ки парлумонҳои кишвар барои ба сатҳи бештар баланд бардоштани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикисону Чин метавонанд нақши фаъолтаре дошта бошанд. Ӯ Шукурҷон Зуҳуровро ба сафари Чин даъват намуд.

Қобили зикр аст, ки дар мулоқоти имрӯза бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ –  аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ ҳузур доштанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...