Ш.Зуҳуров: Тоҷикон бо хушнудии том аз дастовардҳои Чин истиқбол мекунанд

Дар доираи сафари давлатӣ ба Тоҷикистон раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо Раиси Маҷлиси намяондагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кард. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, Шукурҷон Зуҳуров аз номи парлумон меҳмони олиқадрро хайра мақдам гуфта, зикр кард, ки «кишварҳои моро муносибатҳои анъанавии дӯстона ба ҳам мепайванданд, ки […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари давлатӣ ба Тоҷикистон раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо Раиси Маҷлиси намяондагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кард.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, Шукурҷон Зуҳуров аз номи парлумон меҳмони олиқадрро хайра мақдам гуфта, зикр кард, ки «кишварҳои моро муносибатҳои анъанавии дӯстона ба ҳам мепайванданд, ки решаҳояшон аз таърихи куҳан сарчашма мегиранд ва ҳамчун ҳамсоя ва дӯстони нек  мо бо хушнудии том аз дастовардҳои беназири Чин дар роҳи расидан ба пешравӣ ва шукуфоӣ ва ҳамчунин нуфузи баланди кишвар дар арсаи байнулмилалӣ истиқбол мекунем».

«Мо бо изҳори миннатпазирӣ иштироки Чин дар амалисозии лоиҳаҳои тақдирсози зербиноӣ дар Тоҷикистонро зикр мекунем. Ин бешубҳа кумаки гаронбаҳо дар бунёди низоми ягонаи энергетикӣ, сохтмони роҳҳои мошингарди муосир ва нақбҳо маҳсуб меёбад, яъне дар ҳалли вазифаҳои ҳаётан муҳим барои кишвари мо дар таъмини амнияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ифода меёбад», – иброз дошт зимни мулоқот раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин қайд кард, ки Тоҷикистон қабули барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2015-2020, ташаббусҳои дуҷониба баҳри сохтмони лӯлаи интиқоли газ, роҳҳои оҳан ва мошингард, иқдомоти пешбинишуда оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, маорифу сайёҳӣ, амният ва мудофиаро бо як рӯҳбаландии зиёд пазируфт.

Зикр гардид, ки ҳамкории байнидавлатӣ дастгирӣ аз ҷониби мақомоти қонунгузорро дар назар дорад ва парлумонҳои кишварҳо ҳам дар таҳкими заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ ва ҳам дар қисмати мусоидат ба иҷрои қарордоду созишномаҳои баимзорасида метавонанд бештар фаъолона ҳамкориҳоро ба роҳ монанд.

Ба гуфтаи Султонов, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид доштааст, ки парлумонҳои кишвар барои ба сатҳи бештар баланд бардоштани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикисону Чин метавонанд нақши фаъолтаре дошта бошанд. Ӯ Шукурҷон Зуҳуровро ба сафари Чин даъват намуд.

Қобили зикр аст, ки дар мулоқоти имрӯза бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ –  аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ ҳузур доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.