Имзои 16 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин

Имрӯз ҳузури Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти хосаи […]

ASIA-Plus



Имрӯз ҳузури Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфта, дар музокироти расмии ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвари ҳамсоя дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф, илму техника ва фарҳанг баррасӣ шуд.

Бо қаноат изҳор гардид, ки ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни 2 кишвар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст ва умед аст, ки тайи 5 соли оянда ин нишондиҳанда аз 3 миллиард доллари амрикоӣ афзун мешавад.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин аз рушди бесобиқаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвари ҳамсоя гувоҳӣ медиҳад:

Эъломияи муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарокати стратегӣ;

Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2015-2020;

Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи экстрадитсия;

Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба боздоди маҳкумшудагон;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории иқтисодиву техникӣ (грант ба маблағи 300 млн.юани хитоӣ);

Созишномаи қолабӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ба ҷониби Тоҷикистон додани қарзи имтиёзноки содиротӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба пешбарии таъсиси «Навори иқтисодии роҳи абрешим» миёни Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба бунёди Маркази аграрии намоиши технологияҳои инноватсионии Чин дар Тоҷикистон;

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари асосии Донишкадаи Конфутсий оид ба ҳамкорӣ дар бунёди маркази конфутсий;

Созишнома оид ба усулҳои асосӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Транс-Таджик-Газ пайплайн компани Лимитед;

Созишномаи қарзӣ миёни Тоҷиктрансгаз ва Ширкати Транс-Азия Пайплайн;

Созишномаи қарзӣ миёни бонки давлати амонатгузории «Амонатбонк» ва бонки давлатии рушди Чин;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ аз рӯи лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Чин» дар соҳаи саноати кӯҳӣ миёни «Ширкати байналмилалӣ оид ба захираҳои Тачен»-и ноҳияи мухтори Синзян Уйғур ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Созишнома миёни Агроинвестбонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки кишоварзии Чин оид ба ҳамкорӣ;

Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «Хуаксин Семент ЛТД» оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатти 2 ва 3 корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Данғара;

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Синзян;

Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла ба имзо расидани бастаи калони санадҳои нав, хусусан Эъломияи муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарокати стратегӣ ва Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2015-2020-ро намунаи хуби ҳусни ҳамсоягии ду кишвари ҳамсоя ва сатҳи боварию эътимод маънӣ доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.