Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт.
Ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни мулоқот масоили тақвияту густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи рушди робитаҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамчунин атрофи масъалаи омодагӣ ба форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия рӯзҳои 22-25-уми октябр дар шаҳри Маскав табодули назар намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар форуми зикршуда масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин дар доираи ин форум сафари расмии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Русия баргузор мешавад.


