Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистонро расман огоҳ кард, ки рӯзи 21-уми декабр дар Ӯзбекистон маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад ва намояндагони Тоҷикистон ба сифати нозирон даъват карда мешаванд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки масъалаи сафарбарии нозирони тоҷик ба интихоботи парлумонӣ дар Ӯзбекистон баъди муроҷиати расмии Кумитаи иҷроияи ИДМ ба ҳукумати кишвар ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2005 дар Ӯзбекистон парлумони дупалатагӣ амал мекунад. Дар Палатаи Қонунгузорӣ (поёнӣ)-и парлумон ба муҳлати 5 сол доимо 150 нафар вакилон фаъолият мекунанд, ки моҳи декабри соли 2009 аз ҷониби 4 ҳизби сиёсӣ ва Ҳаракати экологии Ӯзбекистн интихоб шудаанд. Дар палатаи болоӣ – Сенат 100 нафар вакилон фаъолият мекунанд, ки бо шумори баробар – 6-нафарӣ аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд интихоб шудаанд. Ғайр аз ин, 16 нафар аъзои Сенатро президенти кишвар аз ҳисоби шахсони бонуфузи кишвар таъин мекунад.


