Шикояти сокинони ноҳияи Ҷомӣ ба вакил аз мушкилоти дастрасӣ ба манзил

Date:



Дар доираи вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар бо аҳолӣ, ки аз 15 то 25-уми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мешаванд, чанде қабл дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон вохӯрии вакил Маҳмадамин Ҳисориев бо интихобкунандагон доир гардид.

Ба гуфтаи котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов, аксаран интихобкунандагон мусоидати вакилро барои дастрас кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил дархост намуданд.

«Ин дархости худро онҳо чунин маънидод карданд, ки дар манзилҳои кунунии онҳо, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ мерос мондааст, якчанд оила зиндагӣ мекунанд ва ин ҳолат бисёр вақт ба ҷанҷолҳои оилавӣ, нофаҳмиҳо миёни барордарону хоҳарони як оила боис мегардад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни мулоқот интихобкунандагон аз нархи пасти пахтаи парваридаашон низ нигаронӣ изҳор кардаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...