То интихоботи парлумонӣ ҳайати КМИР нав мешавад

Date:



Маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳуриро, ки ахири моҳи феврали соли 2015 доир мегардад, ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон баргузор мекунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати кунунии КМИР моҳи декабри соли 2009 интихоб шуда, моҳи декабри соли равон ваколатҳояш ба итмом мерасад.

«Ҳайати нави КМИР Тоҷикистон оид ба интихобот ва раъйпурсӣ барои 5 соли минбаъда низ бо пешниҳоди президенти мамлакат дар муддати се рӯзи баъди таъин шудани санаи баргузории интихоботи парлумонӣ интихоб карда мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, раиси КМИР, муовинони ӯ ва дигар аъзои комиссия аз нав интихоб гардида, танҳо баъди он ҷараёни ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣ оғоз мегардад. «Мутобиқи қонун, 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ ва 1 ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда мешаванд», – афзуд Додоев.

Хотиррасон шуд, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related