Президент омӯзгорашро ба зиёрати Каъба фиристод

Рӯзи 20-уми сентябр дар назди оромгоҳи файласуф ва мутафаккири машҳури Шарқ Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб маросими ба макони муқаддаси Ислом гусел намудани зиёин ҷиҳати адои маросими фаризаи ҳаҷ баргузор шуд. Мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти […]

Турко Дикаев



Рӯзи 20-уми сентябр дар назди оромгоҳи файласуф ва мутафаккири машҳури Шарқ Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб маросими ба макони муқаддаси Ислом гусел намудани зиёин ҷиҳати адои маросими фаризаи ҳаҷ баргузор шуд.

Мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон имсол ҳудуди 660 нафар ба зиёрати Хонаи Худо раҳсипор мегарданд, ки нисбат ба соли гузашта 10 нафар зиёдтар аст.

«Бевосита аз шаҳри Кӯлоб дар навбати аввал наздики 130 нафар шабона бо ҳавопаймо ба Арабистони Саъудӣ мераванд», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби худ омӯзори мактабиаш Кӯган Иззатуллоевро ба адои маросими ҳаҷ сафарбар кардааст.

Ёдрас мекунем, ки соли равон зиёда аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён бояд ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор мешуданд. Ҳавопаймои нахустин бо зойирини тоҷик рӯзи 14-уми сентябри соли равон аз Душанбе ба Ҷидда

раҳсипор гардид.

Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд.

Нархи ҳаҷҷи соли гузашта 17 ҳазору 127 сомонӣ (3 ҳазору 546 $)  ва имсол бошад, дар муқоиса ба соли гузашта 497 сомонӣ (103 $) фарқ дошта, 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 доллари ИМА тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон)-ро ташкил медиҳад. Соли 2011 арзиши адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.