Минбаъд афсарони эҳтиётиро таҳти назорати Вазорати мудофиа тайёр мекунанд

Аз соли хониши ҷорӣ мактабҳои олии Тоҷикистон афсарони эҳтиётиро мутобиқи квотаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тайёр мекунанд. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки баъди аз ҷамъомади ҳарбии тобистона гузаштани хатмкунандагони кафедраҳои  ҳарбии мактабҳои олӣ, ки ба онҳо унвони афсарони эҳтиётии артиши миллӣ дода мешавад, чунин тасмим […]

Аваз Юлдошев



Аз соли хониши ҷорӣ мактабҳои олии Тоҷикистон афсарони эҳтиётиро мутобиқи квотаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тайёр мекунанд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки баъди аз ҷамъомади ҳарбии тобистона гузаштани хатмкунандагони кафедраҳои  ҳарбии мактабҳои олӣ, ки ба онҳо унвони афсарони эҳтиётии артиши миллӣ дода мешавад, чунин тасмим гирифта шудааст.

«Дар ҷамъомадҳо маълум шуд, ки аз шумори умумии 7 ҳазор хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ аз 10 то 20%-и афсарони оянда аз донишҳои ҳарбӣ хеле дуранд, навъҳои аслиҳаро фарқ ва онҳоро истифода карда ҳам наметавонанд ва аз малакаҳои оддии кори ҳарбӣ бархӯрдор нестанд», – қайд кард Маҳмадалиев.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ин робита тасмим гирифта шудааст, ки аз оғози соли хониши ҷорӣ ба кафедрахои ҳарбӣ, ки дар назди панҷ мактаби олии Тоҷикистон амал мекунанд, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ барои омода намудани афсарони эҳтиётӣ квота ҷудо мекунад, ки шумори он аз 200 то 1 ҳазору 200 нафар донишҷӯёнро ташкил хоҳад дод.

«Зимни интихоби донишҷӯён барои таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиа, на танҳо ба давомоти онҳо дар таҳсил, балки ба омодагии ҷисмонӣ ва вазъи солимии онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад», – гуфт ӯ.

Маҳмадалиев таъкид дошт, ки ҷараёни таҳсили афсарони ояндаи эҳтиётӣ дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳти назорати қатъии Вазорати мудофиа қарор мегирад ва дар сурати мунтазам ба дарсҳо ҳозир нашудану азхуд накардани дарсҳо, донишҷӯ метавонад аз таълими ҳарбӣ барканор гардад.

То ин вақт ба ҷуз занону маъюбон, бидуни истисно тамоми донишҷӯёни ин мактабҳои олӣ метавонистанд дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил карда, билети ҳарбӣ ва унвони афсари эҳтиётиро соҳиб шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.