Боздиди ҳайати тоҷирони Олтой аз вилояти Суғд

Аввали ҳафта ҳайати расмии намояндагони доираи тиҷоратии кишвари Олтойи Федератсияи Русия ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бо ҳайати расмии намояндагони доираи тиҷоратии кишвари Олтой сурат гирифт. Дар мулоқот аз ҳамкориҳои самараноки вилояти Суғд ва […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафта ҳайати расмии намояндагони доираи тиҷоратии кишвари Олтойи Федератсияи Русия ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бо ҳайати расмии намояндагони доираи тиҷоратии кишвари Олтой сурат гирифт. Дар мулоқот аз ҳамкориҳои самараноки вилояти Суғд ва кишвари Олтой изҳори хушнудӣ карда шуда, оид ба густариши ҳамкориҳо мубодилаи назар карда шуд.

Пас аз ин мулоқот дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд вохӯрии иқтисодию тиҷоратӣ байни корхонаҳои вилояти Суғд ва кишвари Олтой баргузор шуд. Сипас ҳайати расмии намояндагони доираи тиҷоратии кишвари Олтой аз Минтақаи озоди иқтисодии Суғд боздид намуданд.  Рӯзи 28 октябр меҳмонон бо фаъолияти маркази таълимӣ-истеҳсолии “Шероз” , корхонаҳои “Нассоҷи Хуҷанд”, “Фаровон – 1”,  “Қолинҳои Қайроққум”  аз наздик ошно гардиданд.

Қобили зикр аст, ки ба ҳамкории кишвари Олтой ва вилояти Суғди Тоҷикистон соли 2007 замина гузошта шудааст. Созишномаи ҳамкории байни мақомоти кишвари Олтой ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оиди ҳамкориҳо дар  соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, илму техникӣ ва гуманитарӣ дар Форуми дуввуми байнипорлумонии Русияву Тоҷикистон соли 2007 ба имзо расида буд.

Санаи 9 июли соли 2014 бошад Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафари расмии дурӯза ба кишвари Олтойи Федератсияи Русия сафар карда буд. Зимни ин сафар Абдураҳмон Қодирӣ бо соҳибкорони кишвари Олтой мулоқот доир намуда, ҷиҳати вусъати ҳамкориҳо дар соҳаи туризм ва таҷрибаомузии мутахасисони пешқадам дар корхонаҳо гуфтушунид сурат гирифта буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.