Таъини сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон

Хю Филпот сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд. Ба ҳайси ҷойгузини Робин Орд-Смит, ки ба вазифаи дигари дипломатӣ таъин шуд, Филпот аз моҳи январи соли оянда ба иҷрои вазифаи сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад. Филпот […]

ASIA-Plus



Хю Филпот сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд.

Ба ҳайси ҷойгузини Робин Орд-Смит, ки ба вазифаи дигари дипломатӣ таъин шуд, Филпот аз моҳи январи соли оянда ба иҷрои вазифаи сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Филпот фаъолияташро соли 1980 дар Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оғоз намуда, ба маҷмӯи васеи масоил, аз ҷумла масъалаҳои амнияти байнулмилалӣ, муносибатҳо бо кишварҳои хориҷӣ ва Шарқи Наздик сарукор доштааст. Қаблан ӯ дар шаҳрҳои Осло, Будапешт, Бағдод, Вашингтон ва Мускат фаъолияти корӣ анҷом додааст.

Дар Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир ӯ ба масъалаи кумаки техникӣ ба Русия машғул шуда, дар Вазорати соҳибкорӣ, инноватсия ва ҳунарҳо ба шабакаи илм ва инооватсия раҳбарӣ кардааст.

Дар робита ба таъиноти худ ба ин вазифа Филпот изҳор намудааст, ки бесаброна оғози фаъолияташ дар ин давраи барои рушди Тоҷикистон муҳимро интизор аст. «Ман хушнудам, ки ҷиҳати таҳкими муносибатҳо бо мардум ва ҳукумати Тоҷикистон бароям имкон фароҳам шуд», – иброз доштааст ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.