Конфронси илмӣ дар Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 20-солагии Конститусия

Ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-солагии қабули Консититутсия (Сарқонун)-и кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Консититутсия бахтномаи миллат» баргузор намуд, ки дар кори он раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, конференсия бо сухани муқадимавии директори […]

ASIA-Plus



Ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-солагии қабули Консититутсия (Сарқонун)-и кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Консититутсия бахтномаи миллат» баргузор намуд, ки дар кори он раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, конференсия бо сухани муқадимавии директори донишкада, номзади илмҳои физика ва математика Анвар Мақсудов оғоз шуд. Номбурда зимни суханрониаш аз ҷумла қайд кард, ки Конститутсияи давлати мо барои пешравӣ ҳам дар таҳсил, ҳам дар кор нақши муҳим мебозад.

Дар баромади Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода муҳимтарин самтҳои Консититутсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла таъкид шуд, ки имрӯз бо ёдоварӣ аз таърихи қабули конститутсия метавон гуфт, ки он дар кадом вазъият қабул гардида буд. Дар ин самт Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифи Тоҷикистон саҳм гузоштанд. Имрӯз мо шукр аз он мекунем, ки давлат кафолати таҳсил ва озодона интихоби касбу корро додааст. Ба шарофати конститутсия тамоми соҳаҳо тараққӣ карда истодааст. Махсусан соҳаи маориф сол то сол рушд мекунад. Сохтмони садҳо мактабу даҳҳо муассисаҳои олӣ маҳз ба шарофати таъмини шаффофият дар Сарқонуни кишвар аст.

Собиқадори меҳнат, вакили парлумон дар солҳои 1990-1995 Бойпоччо Фатҳиддинов дар бораи нақши Президент ва вакилони парлумон дар таҳия ва қабули Сарқонуни кишвар дар солҳои мудҳиш ёдовар шуд.

Устоди донишкада Гулшан Довудов дар мавзӯи «Консититутсия ва таҳаввули фарҳагӣ» гузориш дода, қайд намуд, ки Консититутсия натанҳо ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳар як шахсро муайяну мушаххас кардааст, балки он ба густариши фарҳанги техникӣ мусоидат кардааст. Ҳамкории муассисаҳои олии кишвар бо бузургтарин донишгоҳҳои олии хориҷа, тибқи барномаҳои «Ерасмус мундус» ва «Темпус» дониш ва малакаи муҳассилинро боло бардошт, ки ин шароитро бобҳои алоҳидаи Консититутсия кафолат додааст.

Чорабинии фарҳангӣ иборат аз шеъру суруд дар мавзӯи Ватан ва ватанпарастӣ хотири аҳли нишастро шод намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.