Медали гуштигири навраси тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ

Абдумуслим Раҷабов, варзишгари навраси тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои ҷавоизи қаҳрамони секаратаи олимпӣ Бувайсар Сайтиев дар Русия медали биринҷӣ ба даст овард. Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои ҷавоизи қаҳрамони секаратаи олимпӣ Бувайсар Сайтиев, ки рӯзҳои 25-26-уми октябр дар шаҳри Красноярски Русия баргузор шуд, Абдумуслим Раҷабов, […]

ASIA-Plus



Абдумуслим Раҷабов, варзишгари навраси тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои ҷавоизи қаҳрамони секаратаи олимпӣ Бувайсар Сайтиев дар Русия медали биринҷӣ ба даст овард.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои ҷавоизи қаҳрамони секаратаи олимпӣ Бувайсар Сайтиев, ки рӯзҳои 25-26-уми октябр дар шаҳри Красноярски Русия баргузор шуд, Абдумуслим Раҷабов, варзишгари навраси тоҷик, дар рақобатҳо дар вазни то 69 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи ҷашнӣ, ки барои бори даҳум баргузор шуд, 335 гуштигири навраси синнашон 15-16-сола аз 14 минтақаи Русия, инчунин, меҳмонон аз Белгия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Олмон, Тоҷикистон, Узбакистон, Фаронса, Ҷопон ва Эрон ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, маблағи ҷавоизи мусобиқа беш аз як миллион рублро ташкил медод. Барои ҷойҳои аввал ғолибон 50 ҳазор рублӣ, барои ҷойҳои дувум 30 ҳазор ва барои ҷойҳои севум 20 ҳазор рублӣ гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки паҳлавонони навраси Русия дар даҳ вазн пирӯз шуданд. Танҳо дар як вазн – то 76 кило – варзишгари хориҷӣ – Яжури Ямасаки аз Ҷопон – ғолиб омад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.