Сафири Тоҷикистон аз ХФМ Русия шарҳи амалиёти «Муҳоҷир-2014»-ро дархост намуд

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта зимни вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо муовини сардори Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия Анатолий Кузнетсов ҷараёни баргузории амалиёти «Муҳоҷири ғайриқонунӣ-2014» дар Маскав ва таъсири он ба муҳоҷирони тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт. Намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

ASIA-Plus



Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта зимни вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо муовини сардори Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия Анатолий Кузнетсов ҷараёни баргузории амалиёти «Муҳоҷири ғайриқонунӣ-2014» дар Маскав ва таъсири он ба муҳоҷирони тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот сафир аз маълумоти боздошти шумори зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Маскав нигаронӣ изҳор намуда, дархост кардааст, ки дар ин робита шарҳи мақомоти марбутаи Русия пешниҳод карда шавад.

Бино ба гуфти манбаъ, А.Кузнетсов ба дипломати тоҷик иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни амалиёти «Муҳоҷири ғайриқонунӣ-2014» дар Маскав, ки аз 26-уми октябр то 2-юми ноябр гузаронида мешавад, 170 нафар шаҳрвандони тоҷик боздошт ва барои бозпурсӣ ба шуъбаҳои пулис оварда шуда, қисмате аз онҳо барои қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷирати Русия ҷаримабандӣ шудаанд.

Зикр гардид, ки намояндаи Русия гуфтааст, айни замон дар макони боздошт 21 нафар шаҳрвандони тоҷик боқӣ монда, нисбати онҳо тафтишоти иловагӣ ҷараён дорад.

Эгамзод қайд кард, ки овозаҳои миёни 14 ҳазор нафар боздоштшудагон дар ҷараёни ин амалиёт аксариятро ташкил додани шаҳрвандони Тоҷикистон тасдиқ нашудаанд ва ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд.

«Ҳадаф аз ин амалиёт ошкор намудани афродест, ки сарфи назар аз мансубияти миллӣ, дар Маскав ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд», – афзуд намояндаи сафорат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.