ФАТФ Тоҷикистонро аз «рӯйхати сиёҳ» хориҷ кард

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) дар Париж (Фаронса) оид ба баланд бардоштани мавқеъи Тоҷикистон дар ин самт қарор қабул шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тибқи ин қарор, бинобар пурра мутобиқ гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) дар Париж (Фаронса) оид ба баланд бардоштани мавқеъи Тоҷикистон дар ин самт қарор қабул шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тибқи ин қарор, бинобар пурра мутобиқ гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо, Тоҷикистон аз реҷаи мониторинг бароварда шуда, ба қатори кишварҳое, ки комилан ба талаботҳои ин ташкилот ҷавобгӯ ҳастанд ворид карда шуд.

«Қабули ин қарор мавқеъи сармоягузории кишварро беҳтар намуда, имкониятҳои иловагиро барои рушди иқтисодию иҷтимои мамлакат фароҳам меорад», – гуфта мешавад дар хабари БМТ.

Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ, англисӣ – Financial Action Task Force on Money Laundering — FATF) созмони байниҳукуматиест, ки ба таҳияи меъёрҳои ҷаҳонӣ дар бахши муқовимат ба даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ ба дастомада ва маблағгузории терроризм машғул буда, ҳамчунин ба мутобиқати низоми миллии кишварҳо ба ин меъёрҳо баҳогузорӣ мекунад.

Айни замон 34 кишвари дунё ва 2 созмони байнулмилалӣ ба ин ташкилот шомил буда, боз 20 созмон ва 2 кишвари дигар нозир мебошанд.

Тоҷикистон узви ин ташкилот нест, вале дар доираи Гурӯҳи авруосиёӣ оид ба муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм бо ин ташкилот ҳамкорӣ мекунад, ки ба ҳайати ин Гурӯҳ кишварҳои Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.