Қаноатмандии вазир аз чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни Рӯзи кормандони милитсия

Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳунармандонеро, ки дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсия саҳми босазо гузоштанд, ба ҳузур пазируфта аз номи худ ва аз номи кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ миннатдорӣ баён намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, қайд карда шуд, ки санъаткорон тайи чанд рӯзи охир заҳмати […]

ASIA-Plus



Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳунармандонеро, ки дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсия саҳми босазо гузоштанд, ба ҳузур пазируфта аз номи худ ва аз номи кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ миннатдорӣ баён намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, қайд карда шуд, ки санъаткорон тайи чанд рӯзи охир заҳмати зиёд кашида, меҳнати онҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қадр карда мешавад.

Мавриди қайд аст, ки рӯзи 10 ноябри соли 2014, бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия бо иштироки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи тантанавӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хос ташкил ва гузаронида шуд.

Дар баргузории ин  чорабинии муҳим саҳми аҳли ҳунар калон буда, онҳо тавонистанд ба Иди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ обу ранг ва ҷилои тозае дода, аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шаванд.

Бо фармони вазири корҳои дохилӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманду самаранок, дастгирии ҳамаҷониба ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия Асадуллои Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ бо медали  Вазорати корҳои дохилии ҶТ «Барои мусоидат» ва дигар намояндагони аҳли ҳунару эҷод бо тӯҳфаи арзишноки «Соати дастӣ» аз номи вазири корҳои дохилии ҶТ ва мукофотпулии аз 500 то 1500 сомонӣ қадронӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳунармандон дар навбати худ барои қадрдонӣ ба вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда дар ҷодаи фарҳангу ҳунар баён намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.