Дар интихоботи моҳи феврали соли оянда пешбинишуда ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ният дорад, ки бештар ҷавонононеро, ки аз ҳизб ҷонибдорӣ мекунанд, ба номзадӣ пешбарӣ намояд.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки феълан лоиҳаи рӯйхати номзадҳо аз ҲХДТ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон омода шуда, дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо пешвои ҳизб Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
«Танҳо гуфта метавонам, ки дар муқоиса бо интихоботи парлумонии соли 2010 ҳизби мо ба маъракаи интихобот ба парлумони нав рӯйхати хеле навшударо пешниҳод хоҳад кард», – таъкид дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин хотиррасон кард, ки ҲХДТ ба рӯйхати ҳизбӣ ҳамчунин афроди ғайриҳизбиеро, ки аз сиёсати пешвои ҳизб Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ҷонибдорӣ мекунанд, низ шомил карда метавонад.
Зимнан зикр гардид, ки дар кори анҷумани навбатии XII-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки санаи 13-уми декабр дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир мегардад, беш аз 1 ҳазор 200 нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар анҷуман ба ҷуз эълони рӯйхати ҳизбӣ барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ, ҳамчунин аз фаъолияти 20-солаи ҳизб низ натиҷагирӣ мешавад.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 41 нафарашон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва 22 нафар вакил тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.
То имрӯз ҳамаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист – 17-уми декабр, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 10-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.






