Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар фасодзада эътироф гардид

Date:



Тибқи маълумоти Иттиҳодияи ғайритиҷоратии кории TRACE International, Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар фасодзада эътироф гардид. Нишондиҳандаи нав оид ба хатарҳои коррупсионӣ аз ҷониби TRACE International дар ҳамдастӣ бо маркази таҳлили амрикоии Rand CorporationTRACE Matrix таҳия шудааст.

Дар

рейтинги

TRACE International, миёни 197 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 182-юмро касб намудааст. Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Ӯзбекистон дар мақоми поинтар – зинаи 194-ум қарор дорад. Зинаҳои поинтар аз Ӯзбекистонро Ангола, Яман ва Нигерия ишғол кардаанд. Туркманистон дар зинаи 115, Қазоқистон – 141 ва Қирғизистон дар мақоми 161-ум ҷой гирифтаанд.

Таҳлилгарони иттиҳодия Ирландия, Канада, Зеландияи Нав, Гонконг ва Шветсияро кишварҳои аз ҳама бештар аз фасодзадагӣ озод эътироф кардаанд.

Дар рейтинг ба кишварҳо аз рӯйи чор нишондиҳандаи асосӣ – ҳамкории мутақобилаи ҳукуматдорон бо тиҷорат, мавҷуд будани қонунгузории зиддифасод ва истифодаи он дар амал, шаффофияти хадамоти давлатӣ ва расмиёти давлатӣ, имкони назорати ҷамъиятӣ аз болои ҳамаи ин ҷараёнҳо, аз ҷумла аз ҷониби ВАО баҳогузорӣ шудааст.

Дар рейтинги Transparency International дар соли 2013 миёни 175 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 154-умро касб карда буд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...