Муҳоҷири корӣ дар лотерея 300 ҳазор сомонӣ бурд кард

Ширкати Лото Спорт мукофоти баландтарини пулӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор сомониро ба як муҳоҷири корӣ тақдим кард. Дар иттилоияи расмии ширкати мазкур дар ин робита зикр мегардад, ки соҳиби ин бурд Шаҳзод Шаропов, сокини 31-солаи деҳаи Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд шудааст, ки билети лотереяро аз нуқтаи фурӯши ширкат дар деҳаашон дастрас намудааст. Шаҳзод Шаропов […]

Иттилоияи расмӣ



Ширкати Лото Спорт мукофоти баландтарини пулӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор сомониро ба як муҳоҷири корӣ тақдим кард.

Дар иттилоияи расмии ширкати мазкур дар ин робита зикр мегардад, ки соҳиби ин бурд Шаҳзод Шаропов, сокини 31-солаи деҳаи Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд шудааст, ки билети лотереяро аз нуқтаи фурӯши ширкат дар деҳаашон дастрас намудааст.

Шаҳзод Шаропов муҳоҷири корӣ буда, ҳамасола барои дарёфти маблағи рӯзгор ба Русия сафар ва ба ҳайси бинокор фаъолият мекардааст. Тамоми маблағҳои коркардааш барои рӯзгору таъмини маишати падари пиронсол, ҳамсар ва ду нафар кӯдаконаш масраф мешудааст.

Дар бораи ниятҳои минбаъдааш пас аз ин бурди калон Шаҳзод изҳор намудааст, ки дар Душанбе манзили зист харида, таҳсили ояндаи фарзандонашро таъмин карданист.

Ширкати Лото Спорт нахустин ширкати касбии ташкили бозии лотерея дар Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст.

Муддати 10 соли фаъолият ба ғолибони бозии лотереяи Лото Спорт ба маблағи беш аз 113 млн. сомонӣ (ҳудуди 22 млн. доллари ИМА) мукофотпулиҳо тақдим карда шудааст. Айни замон ширкат 6 навъи билетҳои лотереяи арзишаш аз 1 то 10 сомониро ба бозӣ мегузорад, к и бо дастрасии онҳо метавон аз 1 то 300 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ бурд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.