Рӯзноманигори тоҷик барандаи озмуни «OCABF-2014» шуд

Толибшоҳи Давлат, муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсати рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар озмуни байналмилалии «OCABF-2014» ғолиб дониста шуд. Тавре аз идораи ҳафтавори «Ҷавонони Тоҷикистон» иттилоъ доданд, Толибшоҳ қаблан миёни 450 довталаб дар озмуни байналмилалии «OCABF-2014» (Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ – 2014) ширкат варзида ба даври ниҳоӣ (финал) роҳ ёфт. Дар қатори ӯ нуҳ адиби дигар […]

ASIA-Plus



Толибшоҳи Давлат, муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсати рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар озмуни байналмилалии «OCABF-2014» ғолиб дониста шуд.

Тавре аз идораи ҳафтавори «Ҷавонони Тоҷикистон» иттилоъ доданд, Толибшоҳ қаблан миёни 450 довталаб дар озмуни байналмилалии «OCABF-2014» (Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ – 2014) ширкат варзида ба даври ниҳоӣ (финал) роҳ ёфт. Дар қатори ӯ нуҳ адиби дигар аз кишварҳои Олмон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон низ довталаби даври ниҳоӣ буданд.

Дар озмуни мазкур, ки бо ташаббуси ширкати англисии «Silk Road Media», дафтари «Hertfordshire Press» ва дастгирии Маркази фарҳангии туркии «Yunus Emre», маҷаллаи «Open Central Asia» роҳандозӣ мегардад, Толибшоҳи Давлат бо повести «Турнаҳо дар баҳорон» довталабӣ намуд.

Ин асар дар бораи ҳаёти муҳоҷирони тоҷик қисса карда, ибтидои соли равон низ дар озмуни минтақавии «Новеллазия», ки аз ҷониби Бунёди «НюЕвразия» доир мегардад, ғолиб дониста шуда, сазовори мукофоти пулӣ гардида буд.

Ба повести «Турнаҳо дар баҳорон» Нуруллоҳи Ориф, муҳаррири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо шеър пешгуфтор навиштааст, ки аз ҷониби ҳакамон падидаи адабӣ арзёбӣ гардидааст.

Озмуни «OCABF-2014» 16 ноябри соли равон ҷамъбаст гардида, се нафар ба мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Толибшоҳи Давлат, ки ягона адиби тоҷик дар ин озмун буд, сазовори ҷои аввал гардид.

Қобили зикр аст, ки Озмуни «OCABF-2014» 17 ҳазор доллари ИМА ҷоизаи пулӣ дорад, ки миёни 12 ғолиб (Озмун дар чанд бахш ҷараён дошт) тақсим мегардад.

Китоби Толибшоҳи Давлат соли оянда дар Лондон нашр хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.