Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» дар Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардид, ки дар он дар бораи ба баррасии ҷаласаи навбатии паатаи поёнии парлумон (19 ноябр) пешниҳод шудани лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» қарор қабул шуд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардид, ки дар он дар бораи ба баррасии ҷаласаи навбатии паатаи поёнии парлумон (19 ноябр) пешниҳод шудани лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» қарор қабул шуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шӯрои парлумон лоиҳаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи Барномаҳои қарзҳои давлатии ҷумҳурӣ барои солҳои 2015-2017 ва Дурнамои сиёсати пуливу қарзии кишвар дар соли 2015-ро низ ба омӯзишу баррасии кумитаву комиссияҳои дахлдор ирсол намуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», тағийроту илова ба қонунҳо «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиавии граждании ҷумҳурӣ низ баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин ҷиҳати ба тасдиқи парлумон пешниҳод шудани Созишномаи кафолатнок миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд аз рӯи лоиҳаи «Азнавсозии НБО «Қайроққум» низ қарор қабул шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.