Густариши ҳамкориҳои пурсамари Тоҷикистону Туркия

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Парлумони Туркия ҷаноби Мустафо Кабакчӣ ва ҳайати ҳамраҳонаш доир гардид, ки дар он масоили ҳамкориҳои самарбахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, ҳангоми вохӯрӣ […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Парлумони Туркия ҷаноби Мустафо Кабакчӣ ва ҳайати ҳамраҳонаш доир гардид, ки дар он масоили ҳамкориҳои самарбахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, ҳангоми вохӯрӣ аз тамоюли рушдёбандаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Туркия изҳори хушнудӣ шуда, аз ҷумла, қайд гардид, ки дар соли 2013 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар 650 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Гуфта мешавад, дар муддати 9 моҳи соли ҷорӣ бошад, гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 456,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар ин замина таносуби воридоту содирот андак аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ташкили намоишгоҳҳо ва бизнес-форумҳо бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ғайра ибрози назар намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.