Эмомалӣ Раҳмон президенти БАТР-ро ба ҳузур пазируфт

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуда, зикр гардид, ки давоми солҳои ҳамкорӣ ин бонк дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 700 […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуда, зикр гардид, ки давоми солҳои ҳамкорӣ ин бонк дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 700 миллион доллари америкоӣ созишномаҳо бо Ҳукумати мамлакат, бахши хусусӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ ба имзо расонидааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона карда шудаанд.

«Ҳоло сандуқи лоиҳаҳои фаъоли ин бонк ба маблағи умумии зиёда аз 500 миллион доллар дар бахшҳои энергетика, обтаъминкунию хоҷагии манзилӣ, низоми бонкдорӣ ва бахши хусусӣ амалӣ мешаванд», – омадааст дар иттилои хадамоти матбуоти президент.

Гуфта мешавад, бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону БАТР ҳамзамон изҳори бовар карда шуд, ки дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо, ба хусус ба хотири коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, минбаъд низ босамар идома меёбад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳарду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро ба таҳким ва густариши ҳамкории оянда таъкид доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.