Озодии зиёда аз 3,3 ҳазор нафар маҳкумшудагон дар Тоҷикистон

То имрӯз тибқи афви ба муносибати 20-солагии Конститутсия эълоншуда аз ҷониби президенти Тоҷикистон аз муассисаҳои ислоҳии кишвар беш аз 3,3 ҳазор нафар маҳкумшудагон, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ба озодӣ баромаданд. Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз шумори умумии афвшудагон 220 нафарашонро занон ва 140 […]

Аваз Юлдошев



То имрӯз тибқи афви ба муносибати 20-солагии Конститутсия эълоншуда аз ҷониби президенти Тоҷикистон аз муассисаҳои ислоҳии кишвар беш аз 3,3 ҳазор нафар маҳкумшудагон, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ба озодӣ баромаданд.

Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз шумори умумии афвшудагон 220 нафарашонро занон ва 140 танро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ аз муассисаҳои ислоҳии кишвар 3,5 ҳазор маҳкумшудагон ба озодӣ баромада, ояндаи наздик 200 нафар маҳкумшудагони боқимонда низ озод карда мешаванд ва масъалаи кам кардани муҳлати ҳабси беш аз 2 ҳазор нафар маҳкумшудагон дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Қонуни афв ҳамчунин нисбати 4,5 ҳазор нафар, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ (муассисаи ислоҳии сукунат ва ғайра) адои ҷазо мекунанд, низ мавриди амал қарор гирифта, муҳлати ҷазои 2 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.

Аз муассисаи ислоҳӣ барои занон 287 нафар озод шуда, нисбати 27 нафар занони маҳкумшуда қонуни афв татбиқ намешавад, зеро онҳо аллакай ду маротиба мавриди афв қарор гирифтаанд.

Аз муассисаи ислоҳӣ барои кӯдакон 58 нафар кӯдакон озод ва нисбати се нафар ноболиғ қонуни афв мавриди амал қарор намегирад.

Ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, озод карда мешаванд. Миёни онҳо 155 нафар шаҳрвандони Афғонистон, 80 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, 39 нафар шаҳрвандони Русия, 32 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои Нигерия, Туркия, Ироқ, Эрон ва ғайра ҳузур доранд.

Ҳамчунин 63 нафари маҳкумшуда, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд ё ғайриқонунӣ хизмати ҳарбиро тарк карданд, низ озод мешаванд.

Ғайр аз ин, 112 нафар маҳкумшудагоне, ки ба бемориҳои саратон, сили узвҳои нафас ва шуш, бемории дил гирифторанд, низ ба озодӣ мебароянд.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 17 адад муассисаи ислоҳӣ фаъолият дошта, дар онҳо ҳудуди 13 ҳазор нафар шаҳрвандон адои ҷазо мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи афв» қабул шуд, ки нисбати 10 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон мавриди амал қарор дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.