Боздиди сафирони тозатаъини 14 кишвар аз ВКХ Тоҷикистон

Date:



Санаи 17 ноябри соли равон маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини чордаҳ давлати хориҷӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷатулло Фағонӣ, Малайзия Дато Норъайнӣ, Канада Шон Стайл, Ҷумҳурии Ирландия Оун ОЛири, Шоҳигарии Нидерланд Дриссер Генри Юберро, Ҷумҳурии Португалия Марио Годино де-Матуш, Ҷумҳурии Эстония Яан Рейнхолд, Ҷумҳурии Молдова Андрей Галбур, Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Аменутип Замрану, Мексика Улиси Канчули, Шоҳигарии Дания Томас Винклер, Ҷумҳурии Словения Приможа Шелиго, Ҷумҳурии Гана Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт, Босния ва Гертсоговина Эдиб Буквич супориданд.

Гуфта мешавад, пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи Сироҷидин Аслов бо сафирони навтаъйин доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки С. Аслов сафиронро бинобар ба ин вазифа таъин шуданашон табрик намуда, бо онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related