Ифтитоҳи боз се нуқтаи пешниҳоди шиносномаи биометрии Тоҷикистон дар Русия

Дар робита ба таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаҳои биометрии хориҷӣ, Тоҷикистон ба фаъолияти намояндагии дипломатии худ дар Русия тақвият мебахшад. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бо дастури муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҶТ Озода Раҳмон якчанд кормандони шуъбаи консулгарии дастгоҳи марказии вазорат ба сафорат […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар робита ба таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаҳои биометрии хориҷӣ, Тоҷикистон ба фаъолияти намояндагии дипломатии худ дар Русия тақвият мебахшад.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бо дастури муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҶТ Озода Раҳмон якчанд кормандони шуъбаи консулгарии дастгоҳи марказии вазорат ба сафорат сафарбар шудаанд, ки дар ҳамдастӣ бо кормандони хадамоти консулгарӣ аллакай дар ин самт фаъолият доранд.

«То ифтитоҳи нуқтаҳои иловагии таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаҳои биометрии хориҷӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск ва Краснодар, кормандони вазорат алҳол дар нуқтаҳои амалкунанда дар консулгарӣ дар Маскав ва консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа кор хоҳанд кард», – гуфт ӯ.

Ба қавли Эгамзод, масъалаи кушодани нуқтаҳои иловагии зикршуда айни замон бо мақомоти марбутаи Русия мувофиқа мешавад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари хадамоти консулгариии сафорати ҶТ дар Русия Ашраф Гулов ба кормандонаш дастур додааст, ки ҳар як шаҳрванди тоҷики ба консулгарӣ муроҷиаткардаро бао шиносномаи биометрӣ таъмин кунанд.

«Масалан, чанде қабл кормандони консулгарӣ то соати 23-00 ба навбати хеле зиёди иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши гирифтани шиносномаи биометрии хориҷиро доштанд, хизматгузорӣ карданд», – афзуд намояндаи расмии сафорат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.