Ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ дар Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо тасдиқ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда соати 17-00 дар майдони Парчами давлатии Тоҷикистон роҳпаймоии идонаи сокинони шаҳр доир мегардад, ки дар он беш аз 8 ҳазору 500 […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев

Нақшаи чорабиниҳои

мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда соати 17-00 дар майдони Парчами давлатии Тоҷикистон роҳпаймоии идонаи сокинони шаҳр доир мегардад, ки дар он беш аз 8 ҳазору 500 нафар ширкат меварзанд.

Ба иттилои манбаъ, онҳо дар чор ноҳияи пойтахт ҷамъ омада, сипас тариқи кӯчаҳои шаҳр то майдони Парчами давлатӣ (назди сутунпояи парчам) роҳпаймоӣ мекунанд ва дар ин ҷо консерти идонаи устодони санъати кишвар баргузор мегардад.

Ҳамчунин ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ дар пойтахт баргузории мизҳои гирд, конфронсҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо дар назар буда, тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо лавҳаву шиорҳои идона оро дода мешаванд. Ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо нишони сарисинагӣ – рамзи Парчами давлатии Тоҷикистон  таъмин карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.