Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид, ки дар он масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, аъзои Шӯро дар бораи ба тасдиқи парлумон пешниҳод шудани Созишномаи кафолатӣ байни ҶТ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», Созишномаи грантӣ байни ҶТ, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» қарор қабул намуда, ҳамчунин лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ«Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро низ баррасӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода будем, дар тағйироту илова ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, озод кардани воридоти таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷумҳурӣ барои нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.


