Як моҳ муҳлат ба муовинони раиси пойтахт барои рафъи камбудиҳо

Date:



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар  толори   КВД «Маркази равобити пойтахт» тахти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар кори он роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, субъектҳои хизматрасонӣ, соҳибкорӣ, институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт дар иҷлосия ҳисоботи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев Н. оид ба омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистон шунида шуд.

Муовини аввали раиси пойтахт зимни суханрониаш қайд кард, ки чун ҳамасола, проблемаи зиёдшавии талабот ба нерӯи барқ бо саршавии оғози сармо ва инчунин набудани дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла гази табиӣ, ба сербории фаъолияти системаи барқтаъминкунии шаҳр оварда расонида, соли ҷорӣ низ аввали моҳи ноябр истифодабарии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе аз 8-9 млн кВт. соат то 13-13,5 млн кВт.соат афзуд, ки ин ҳолат сабаби садама ва қатъшавии интиқоли қувваи барқ дар баъзе қисматҳои шаҳр гардид.

«Шабакаҳои барқии шаҳр 75% аз корҳои пешбинишуда оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонро ба иҷро расонида, захираи ангишт дар шаҳр 55% аз нақшаи пешбинишударо ташкил доданд», – иброз дошт муовии аввали раиси пойтахт.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти муовинони худ Насрулло Хайруллоев, Ҷамшед Мансуров, Низом Ҳакимов, Руқия Қурбонова ва раисони ноҳияҳои пойтахтро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, ба ҳар кадоме то 20 декабри соли ҷорӣ барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолият муҳлат муқаррар намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related