Дархости Р.Раҳимзода аз ширкати чинӣ оид бартарафкунии камбудиҳои лоиҳаи «Шаҳри бехатар»

Вазири корҳои  дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ноиби президенти ширкати «Хуавей технолоҷӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Чин хонум Эми Лин вохӯрӣ доир намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо раванди амалигардонии лоиҳаи  «Системаи автоматикунонидашудаи идоракунии  ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе»-ро, ки аз ҷониби ширкати «Хуавей технолоҷӣ» омода шудааст, мавриди баррасӣ қарор […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои  дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ноиби президенти ширкати «Хуавей технолоҷӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Чин хонум Эми Лин вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо раванди амалигардонии лоиҳаи  «Системаи автоматикунонидашудаи идоракунии  ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе»-ро, ки аз ҷониби ширкати «Хуавей технолоҷӣ» омода шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд гардид, ки қисматҳои зиёди лоиҳаи мазкур амалӣ шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Аммо дар баробари ин, баъзе камбудиҳои ҷойдоштаро низ бояд бартараф сохт. Аз ҷумла, омода намудан ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи мазкур, бартараф намудани баъзе нуқсонҳои техникӣ аз мавзӯҳои асосӣ ба ҳисоб рафтанд.

Ноиби президенти ширкати «Хуавей технолоҷӣ» хонум Эми Лин зимни суханрониаш иброз дошт, ки ширкати онҳо омода аст, то камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт баратараф намоянд ва барои дар сатҳи баланд татбиқ намудани лоиҳаи мазкур тамоми кӯшиши худро равона созанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.