Раиси парлумони Афғонистон ба Тоҷикистон меояд

Раиси Шӯрои миллӣ (парлумон)-и Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ рӯзҳои 3-6-уми декабр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон раиси парлумони Афғонистн бо президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид анҷом дода, ҳамчунин аз палатаи […]

Аваз Юлдошев



Раиси Шӯрои миллӣ (парлумон)-и Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ рӯзҳои 3-6-уми декабр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон раиси парлумони Афғонистн бо президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид анҷом дода, ҳамчунин аз палатаи болоии парлумон боздид мекунад.

«Дар ҷараёни дидор ва гуфтушунидҳои раиси парлумони Афғонистон ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо миёни парлумонҳои ҳарду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки намояндаи аққалияти миллии ӯзбекҳои Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ моҳи феврали соли 2011 раиси парлумони ин кишвар интихоб шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.