Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ тақрибан 6% камтар шуд

Дар маросими муаррифии Гузориши иқтисодии минтақавии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик ба ҷумҳурӣ тақрибан 6% камтар шуд. Сабаби коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон аз хориҷи кишварро раиси БМТ ба низоъ миёни Русияву […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар маросими муаррифии Гузориши иқтисодии минтақавии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик ба ҷумҳурӣ тақрибан 6% камтар шуд.

Сабаби коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон аз хориҷи кишварро раиси БМТ ба низоъ миёни Русияву Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб марбут донист.

Ширинов эътироф намуд, ки аз миқёси бештари коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони кории тоҷик интизорӣ дошт ва аз чунин ба амал наомадани вазъ қаноатмандӣ изҳор кард.

Гузашта аз ин, ӯ зикр кард, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон бо рубли русӣ аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст, лекин агар он бо қурби ҳозираи доллари ИМА ҳисоб шавад, сатҳи коҳиш тақрибан 6%-ро ташкил медиҳад. «Ин ба он вобаста аст, ки соли ҷорӣ рубли русӣ нисбати доллар ба таври қобили мулоҳиза поин рафт», – иброз дошт раиси БМТ.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба коҳиши қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА, Ширинов қайд кард, ки айни замон дар аксари кишварҳои минтақа ва саросари ҷаҳон чунин тамоил ба мушоҳида мерасад. «Асъори миллии бисёр кишварҳои дигар нисбат ба арзи миллии тоҷикӣ бештар беқурб шуданд», – таъкид дошт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.