Ровии маъруф Талабшо Муқимов ТВ «Сафина»-ро тарк кард

Ровии маъруфи телевизион Талабшо Муқимов муддати чанд моҳест, ки аз кор дар телевизиони «Сафина» даст кашидааст. Тибқи баъзе маълумот, ӯ барои таҳияву  баргузории якчанд барномаҳои телевизионии худ ҳозир нашуда, уҳдадориҳояшро иҷро накардааст ва баъдан ӯро аз кор озод кардаанд. Дар робита ба ин масъала худи Муқимов изҳор намуд, ки воқеъан муддати чанд моҳест, ки дар […]

Аъзам Аҳруллоев



Ровии маъруфи телевизион Талабшо Муқимов муддати чанд моҳест, ки аз кор дар телевизиони «Сафина» даст кашидааст.

Тибқи баъзе маълумот, ӯ барои таҳияву  баргузории якчанд барномаҳои телевизионии худ ҳозир нашуда, уҳдадориҳояшро иҷро накардааст ва баъдан ӯро аз кор озод кардаанд.

Дар робита ба ин масъала худи Муқимов изҳор намуд, ки воқеъан муддати чанд моҳест, ки дар телевизиони «Сафина» кор намекунад, вале ӯро аз кор сабукудӯш накарда, бо хоҳиши худаш рафтааст.

«Ман дар телевизиони «Сафина» ғайрирасмӣ фаъолият дорам ва айни замон он ҷо лоиҳаҳои навро рӯйи кор меоварам. Тайи се моҳ аст, ки филми нав наворбардорӣ мекунам, аз ин рӯ, ҳамарӯза барои ба кор ҳозир шудан имкон надорам, ман худам аз телевизион рафтам. Ин ҷо сари филми 4-сериягии «Бедил» сухан меравад, бинобар ин аз кор даст кашидам, то ки онро хушсифат наворбардорӣ кунам», – иброз дошт собиқ ровии телевизион, ки акнун ба сифати коргардон дар филми худ фаъолият дорад.

Ба савол дар бораи ба телевизиони «Сафина» баргаштан пас аз анҷоми наворбардории филм Муқимов чунин посух дод: «Ман то соли нав наворбардории филмро ба итмом расониданиам. Алҳол ҳама серияҳояшро наворбардорӣ карда, акнун ба монтажи он шурӯъ мекунем. Корҳои наворбардории филм, ки ба охир расид, баъд давомашро мебинем».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.