Имзои созишномаи CASA-1000 миёни Душанбеву Бишкек ва Кобулу Исломобод

Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазирони энергетикаи Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон чанде қабл аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи шӯрои байниҳукуматӣ оид ба энергетика дар Истамбул созишнома дар бораи амалисозии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро ба имзо расониданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин […]

Аваз Юлдошев



Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазирони энергетикаи Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон чанде қабл аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи шӯрои байниҳукуматӣ оид ба энергетика дар Истамбул созишнома дар бораи амалисозии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро ба имзо расониданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод.

Лоиҳаи CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар мавсими тобистон таъмин мекунад, ахири соли 2018 бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад.

Мутобиқи лоиҳа, интиқоли 70%-и нерӯи барқ ба Тоҷикистон ва 30%-и он ба Қирғизистон рост меояд.

Барои амалисозии лоиҳаи мазкур Бонки ҷаҳонӣ 526,5 млн. доллари ИМА ҷудо намуд, ки аз ин миқдор ба сифати бурс ба Тоҷикистону – 45 млн. $, Қирғизистон – 45 млн. $ ва ба сифати қарз ба Афғонистон – 316,5 млн. $ ва Покистон – 120 млн. $ ихтисос дода шуд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.