Ҷоизаи журналисти «Азия-Плюс» барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ

Дар чорабинӣ бахшида Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи инсон маросими тақдими ҷоизаҳои Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон доир гардид. Дар номинатсияи «Барои саҳми арзанда дар пешбурди ҳуқуқи инсон» ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва шукуфоӣ» ба ҷоиза соҳиб шуд. Ин ташкилот дар самти ҳимоя аз ҳуқуқҳои гурезагони муқими Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ба ҷоизаи «Барои мавқеи фаъоли […]

ASIA-Plus



Дар чорабинӣ бахшида Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи инсон маросими тақдими ҷоизаҳои Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон доир гардид.

Дар номинатсияи «Барои саҳми арзанда дар пешбурди ҳуқуқи инсон» ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва шукуфоӣ» ба ҷоиза соҳиб шуд. Ин ташкилот дар самти ҳимоя аз ҳуқуқҳои гурезагони муқими Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ба ҷоизаи «Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ» рӯзноманигори газетаи «Азия-Плюс» Ҳумайро Бахтиёр сазовор дониста шуд. Зикр гардид, ки соли 2014 як қатор мақолаҳои ҷасуронаи ӯ оид ба масоили сиёсиву ҳуқуқӣ ба нашр расиданд.

Ҳомии ҳуқуқ Дилрабо Самадова ба ҷоизаи асосӣ – «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол» шарафёб гардид. Тибқи назари Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон, ҷоиза ба ин ҳуқуқшинос барои ҷасорат ва истодагарӣ то охир дар мавқеи худ тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки ҷоизаи «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол» соли 2009 таъсис дода шуда, то ин замон ташкилотҳои ҷамъиятии «Ампаро, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир, рӯзноманигорон Рамзия Мирзобекова, Анора Саркорова, ҳуқуқшиносон Сергей Романов, Татяна Хатюхина, Шуҳрат Қудратов ва Ойниҳол Бобоназарова ба дарёфти он сазовор гардида буданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.