Ба ивази ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия қарзи Ӯзбекистонро бахшид

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати Ӯзбекистону Русия дар Тошканд Русия беш аз 860 млн. $ қарзи Ӯзбекистонро беэътибор мекунад. Қабл аз оғози гуфтушуниди Владимир Путин ва Ислом Каримов ёвари президенти Русия Юрий Ушаков изҳор намуда буд, ки ҳаҷми маблағи қарз то моҳи ноябр ҳудуди 890 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 500 миллион доллар қарзи асосӣ ва […]

ASIA-Plus



Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати Ӯзбекистону Русия дар Тошканд Русия беш аз 860 млн. $ қарзи Ӯзбекистонро беэътибор мекунад.

Қабл аз оғози гуфтушуниди Владимир Путин ва Ислом Каримов ёвари президенти Русия Юрий Ушаков изҳор намуда буд, ки ҳаҷми маблағи қарз то моҳи ноябр ҳудуди 890 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 500 миллион доллар қарзи асосӣ ва наздики 388 миллион фоизҳои қарз аст. «Акнун тасмим гирифта шуд, ки аз 500 миллион доллари қарзи асосӣ Ӯзбекистон танҳо 25 миллионашро пардохт мекунад», – зикр кард ӯ.

Дар нишасти хабарӣ баъди гуфтушунидҳо президенти Русия Владимир Путин изҳор доштааст, ки ба Ӯзбекистону Русия муяссар шудааст, ки дар масъалаи ҳаллу фасли талабот ва уҳдадориҳои молиявии дуҷониба комилан ба мувофиқа расанд.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Маскаву Тошканд дар робита ба имзои шартнома миёни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ машваратҳо доир мекунанд. «Таъкид мекунам, ки ин танҳо машварат хоҳад буд», – иброз доштааст сарвари давлати Русия.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.