Тақсими ангишти бепул ба оилаҳои ниёзманди шаҳри Хуҷанд

Мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ба шахсони бесарпаноҳмонда, камбизоат ва ниёзманд ройгон ангишт тақдим кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, бо супориши роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ба 36 оилаи камбизоату бесарпаноҳмонда ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ангиштсанг харидорӣ карда шуда, ройгон тақсим гардид. Гуфта мешавад, масъулини бахши […]

ASIA-Plus



Мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ба шахсони бесарпаноҳмонда, камбизоат ва ниёзманд ройгон ангишт тақдим кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, бо супориши роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ба 36 оилаи камбизоату бесарпаноҳмонда ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ангиштсанг харидорӣ карда шуда, ройгон тақсим гардид.

Гуфта мешавад, масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дар ҳамроҳӣ бо роҳбарияти кумитаи маҳаллаҳои шаҳр давоми ҳафта ба манзили ин оилаҳо сӯзишвориро дастрас намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки то имрӯз бо назардошти талаботи оилаҳои мазкур дар мавсими сардӣ зиёда аз 10 тонна ангишт тақсим карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.