Бори нахуст сатҳи дониши забони тоҷикии номзадҳо ба вакилӣ санҷида мешавад

Дар Тоҷикистон бори нахуст сатҳи дониши номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи сатҳҳо санҷида мешавад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнӣ ва болоии парлумон пас аз панҷ рӯзи пешниҳоди аризахо дар бораи бақайдгирӣ, дар ҳузури аъзои КМИР ва мутахассисони соҳаи забоншиносӣ дар […]

Аваз Юлдошев



Дар Тоҷикистон бори нахуст сатҳи дониши номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи сатҳҳо санҷида мешавад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнӣ ва болоии парлумон пас аз панҷ рӯзи пешниҳоди аризахо дар бораи бақайдгирӣ, дар ҳузури аъзои КМИР ва мутахассисони соҳаи забоншиносӣ дар муддати як соат уҳдадор мешаванд, ки бо забони давлатӣ ҳолнома (автобиография)-и худро навишта, на камтар аз як саҳифа матни пешниҳодшударо қироат кунанд ва ҳамчунин бо забони тоҷикӣ суҳбат карда тавонанд.

«Аъзои палатаи болоии парлумон, ки аз ҷониби президент таъин карда мешаванд, то имзои фармони мазкури сарвари давлат, низ бо чунин тарз мавриди санҷиш қарор дода мешаванд», – қайд кард Додозода.

Ба гуфтаи ӯ, КМИР аллакай мавзӯъҳои суҳбат бо номзадҳо ба вакилиро тасдиқ кардааст. «Суҳбатҳо дар мавзӯъҳои Конститусияи ҶТ, истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ, Рӯзи ваҳдати миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, шаҳри Душанбе, танзими расму оин ва анъанаҳои миллӣ, масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, нерӯгоҳи Роғун ва ғайра сурат мегиранд», – гуфт намояндаи КМИР.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки сатҳи дониши забони тоҷикии номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисҳои  маҳаллӣ низ бо чунин тарз санҷида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.