Суғд: Ошкоршавии 3 далели фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои махсуси оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукии вилояти Суғд се далели фуруши ғайриқонунии маводҳои пиротехникӣ ошкор карда шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, аз ҷумла аз Зокиров Ҳотамҷони 20-сола , истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд миқдори 22 ҳазор дона маводҳои пиротехникӣ, аз Солиев Додои 52-сола, истиқомат кунандаи […]

ASIA-Plus



Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои махсуси оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукии вилояти Суғд се далели фуруши ғайриқонунии маводҳои пиротехникӣ ошкор карда шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, аз ҷумла аз Зокиров Ҳотамҷони 20-сола , истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд миқдори 22 ҳазор дона маводҳои пиротехникӣ, аз Солиев Додои 52-сола, истиқомат кунандаи ноҳияи Конибодом дар се куттӣ ба миқдори 1,5 ҳазор адад маводи тарфгарии навъи хлопушка ва аз Соҳибов Муҳаммадии 52-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Конибодом ба миқдори се қуттӣ, ки 1,5 ҳазор дона маводҳои дигари тарфгарӣ дошт,  дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ аз рӯйи ин делелҳо 25 ҳазор адад маводи тарфгарӣ мусодира гардида, нисбати афроди дар ин амал дастдошта чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.