Кормандони милиса вакилони анҷумани ҲНИТ-ро боздошт намуданд

Кормандони шуъбаи милисаи ноҳияи Ҷиргатол субҳи имрӯз «барои рӯшанӣ андохтан ба баъзе масъалаҳо» се нафар аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки ҳамчун вакилон ҷиҳати иштирок дар кори анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ ба пойтахт равона буданд, ба шуъбаи милиса оварданд. Муовини раиси ҲНИТ, сардори ситоди пешазинитихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

ASIA-Plus



Кормандони шуъбаи милисаи ноҳияи Ҷиргатол субҳи имрӯз «барои рӯшанӣ андохтан ба баъзе масъалаҳо» се нафар аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки ҳамчун вакилон ҷиҳати иштирок дар кори анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ ба пойтахт равона буданд, ба шуъбаи милиса оварданд.

Муовини раиси ҲНИТ, сардори ситоди пешазинитихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъди муроҷиати раҳбарияти ҳизб ба ВКД ва дастгоҳи иҷроияи президент, боздоштшудагон таҳти раҳбарии раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол Қурбоналӣ Саидмуродов аз шуъбаи милиса ҷавоб дода шудаанд.

Маҳмадалии Ҳайит таъкид дошт, ки қаблан шомгоҳон 7 нафар вакилони анҷумани ХНИТ аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ якчанд соат дар бинои Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор доштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.