КМИР ба эроду пешниҳодҳои журналистон гӯш медиҳад

Комиссияи марказии интихобот в араъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз барои журналистоне, ки маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумонро инъикос мекунанд, як мизи гирд барпо мекунад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ бо ҳузури ҳамаи аъзои КМИР-и ҷумҳурӣ пешниҳоду эродҳои кормандони васоити ахбори умум дар робита ба […]

Аваз Юлдошев



Комиссияи марказии интихобот в араъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз барои журналистоне, ки маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумонро инъикос мекунанд, як мизи гирд барпо мекунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ бо ҳузури ҳамаи аъзои КМИР-и ҷумҳурӣ пешниҳоду эродҳои кормандони васоити ахбори умум дар робита ба маъракаи интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъингардида шунида мешаванд.

«Дар навбати худ, раҳбарияти КМИР ба рӯзноманигорон дар бораи ҷараёни омодагӣ ба интихоботи мазкур маълумот медиҳад», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар кори мизи гирд таваҷҷуҳи намояндагони ВАО бештар ба масоили иҷрои меъёрҳои КМИР Тоҷикистон оид ба иштироки намояндагони ВАО дар интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вилояту шаҳр ва ноҳияҳову ҷамоатҳо ҷалб хоҳад шуд, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои журналистон дар интихобот муайян карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.