Таъсиси 5 ҳавза барои интихоботи вакилони Маҷлиси миллӣ

Бо қарори Комиссияи марказии интихобт ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 5 ҳавзаи интихоботӣ дар кишвар таъсис дода мешавад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоби вакилони палатаи болоии парлумон дар шаҳрҳои Хоруғ (барои ВМКБ), Хуҷанд […]

Аваз Юлдошев



Бо қарори Комиссияи марказии интихобт ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 5 ҳавзаи интихоботӣ дар кишвар таъсис дода мешавад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоби вакилони палатаи болоии парлумон дар шаҳрҳои Хоруғ (барои ВМКБ), Хуҷанд (барои вилояти Суғд), Қӯрғонтеппа (барои вилояти Хатлон) ва ду ҳавза дар Душанбе (барои пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ) ташкил карда мешаванд.

Додозода хотирррасон намуд, ки 25 аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷнафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафар вакилони Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Нахустин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов бо хоҳиши худ метавонад якумра аъзои палатаи болоии парлумон бошад.

Қобили зикр аст, ки бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5-уми декабри соли 2014, маъракаи интихобот ба палатаи болоии парлумони кишвар санаи 27-уми март таъин карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.