КМО Тоҷикистон рӯйхати гирандагони стипендияҳои олимпиро тасдиқ кард

Дар ҷаласаи рӯзи 20-уми декабр дар Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон варзишгарони риштаи варзиши кишвар натиҷаҳои соли 2014-ро ҷамъбаст намуданд. Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин ҳамоиш дабири кулли Кумита Баҳрулло Раҷабалиев ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои Кумитаи миллии олимпӣ, ҷараёни омодагирии варзигарон ба мусобиқоти ҷаҳониву […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи рӯзи 20-уми декабр дар Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон варзишгарони риштаи варзиши кишвар натиҷаҳои соли 2014-ро ҷамъбаст намуданд.

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин ҳамоиш дабири кулли Кумита Баҳрулло Раҷабалиев ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои Кумитаи миллии олимпӣ, ҷараёни омодагирии варзигарон ба мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар соли 2016 маълумот дод.

Ба гуфтаи Раҷабалиев, дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми декабр барпо гардидааст, рӯйхати 15 варзишгари беҳтарин барои гирифтани стипендия ё идрорпулии олимпӣ тасдиқ шудааст.

«Ба ин рӯйхат варзишгарони номдор, ба мисли гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Залимхон Юсупов, Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд», – гуфтааст Б.Раҷабалиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.